Khojamir


Страна : Таджикистан

Вот уже несколько лет я занимаюсь литературным переводом. Также люблю читать различного жанра литературу, как на таджикском, так и на русском языке. Занимаюсь в свободное время домашними делами, спортом.

Country : Tajikistan

For several years now I have been engaged in literary translation. I also like to read literature of various genres, both in Tajik and in Russian. In my free time I do household chores and sports.


Перевод произведение Джарахона Маматова “Рассказы с Памира

Ҳикояҳо аз Помир 

Порча

Помир  – ин зебогии ҳақиқӣ…

Чӣ чиз метавонад бо шукӯҳу бузургии кӯҳҳои Помир, бо зебоии  табиӣ, чашмаҳои тозатарин, оби ширинтарин ва ҳавои мадҳушкунанда муқоиса гардад? Ман суханони як хориҷиро дар хотир дорам, ки бори аввал Помирро дида ва гуфта буд: “Ман одами соҳибимтиёз мебошам, ки  дар ин ҷо будам…На барои ҳар кас дидани чунн зебоӣ муяссар мегардад…”. Ман ҳам, бо ризои Худо, худро одами соҳибимтиёз ҳисоб мекунам: ман ба он ҷо бисёр меравам.

Ва ҳар як бор, ки ман ба Помир меравам, ман сарамро баланд карда, бо ҳайрати том ба ин кӯҳҳои бузург, ки дар оромии  мутантан қомат афрохтаанд, нигоҳ мекунам. 

Ва ман боз бо дӯстон – зодагони бисёр хуб ва аҷоиби кӯҳистонии худ вомехӯрам, ки рӯзҳои вазнини шароити кӯҳистонро оромона ва сарбаландона паси сар мекунанд. Дар дараҳои сангзор ва пурасрор, ки акси садои таърихи куҳанро нигоҳ медоранд,  беихтиёр қадам мемонам… Ва дар ҷое, дар пайроҳаи баланди кӯҳӣ, духтари мондашудаи кӯҳсор, кафи дасташро соябони чашмон карда, бо ҳайрати том нигоҳи зираконаи худро ба мусофире медӯзад, ки ба кӯҳҳо дил бастааст. Ман бошам, дар дилам ба ӯ дар зиндагии вазнини кӯҳистон орзуи хушбахтӣ намуда, роҳамро ба сӯи қуллаҳои дурахшанда идома медиҳам.

Ва шумо, хонандагони азизи ман, дар саҳифаҳои ин ҳикояҳо ҳамроҳи ман метавонед дар ин гӯшаи пурасрори замин бошед, ки номаш Помир буда, байни аксарияти мардум кам маълум мебошад.

Қисми I. Ҳикояҳои Помир 

Ниссо

Қишлоқи Пастхуф ҷойи бисёр зебо мебошад, ки дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар мавзеи баланди кӯҳ ҷойгир буда, батамом ғарқи сабзазор мебошад. Ба ҷаҳони беруна дар бораи он маълумот хеле кам аст, гарчанде ки ин қишлоқ таърихи қадима дорад. Чун дар ҳама ҷо, дар ин қишлоқ ҳам одамон бо ташвишҳои ҳаррӯза умр ба сар мебаранд. Ошиқ мешаванд, хонадор мегарданд, фарзандонро ба воя мерасонанд. Дар қишлоқ ҳамчунин истеъдодҳои маҳаллии худбаромад- сарояндагон ва раққосон, ширинкорон, умуман шахсиятҳои худӣ зиндагонӣ доранд. Вале, чизи аз ҳама шоёни диққат ва ифтихори асосии ин қишлоқ- духтарони ғайриоддӣ зебои он мебошанд. Ва яке аз онҳо – Ниссо. Вай ҳама вақт куртаи анъанавии ранги сафеди помирӣ мепӯшад, ки бо рангҳои сурху сабз нақшдӯзӣ карда шудааст. Сарашро бо рӯймол-титак баста, аз таги вай мӯи зебои ранги шоҳбулут намудор буд, ки ба нӯги он пулкак бофта шудааст.

Пулкак  — зевари қадимаи духтарони форс мебошад, ки онро ҳанӯз аз замонҳои қадим аз ресмони пашмини бо мӯҳраҳои хурди ранга наққошишуда мебофанд. Мумкин Ниссо аз он ҷиҳат чунин зебо аст, ки ҳамеша либоси миллиро мепӯшад, гарчанде дар либоси аврупоӣ ҳам вай ҳамин хел хушрӯй метобад. Вай ку аз Пастхуф аст!

Бо аломатҳои беруниаш Ниссо сарояндаи итолиёвӣ Ромина Пауэрро ба хотир мебиёрад, ки як вақтҳо дар хониши дукаса бо Ал-Бано месароид. Суруди “Феличита” (“Хушбахтӣ“)-и онҳоро дар ёд доред? Вале, ба гумони ман, Ниссо аз ҳад зиёд хушрӯйтар аст. Мепурсед, ки барои чӣ? Барои он, ки боре чунин воқеа рӯй дода буд. Замоне ман бо аҳли оилаам ҳамроҳи Ниссо аз Душанбе ба Хоруғ парвоз мекардам. 

 «Ан-28» — тайёраи сафеди хурд аз майдони парвоз давида,  болҳои  худро каме ҷунбонда, тавре, ки гӯё ба шаҳри Душанбе “хайр” мегуфта бошад, ба тарафи Хоруғ парвоз кард.

Ҳис карда мешуд, ҳавои гарми моҳи август каме пасттар гашт, ки тайёра гоҳ каме паст мефуромад, ва гоҳе онро боз боло мепартофт. Мана вай то баландии лозимӣ баромада, пешкӯҳҳои Помирро тез  парвоз кард. Ҳамроҳи мо дар тайёра нафарони хориҷӣ, мумкин, рӯзноманигорон, парвоз мекарданд. Онҳо дар қатори пеш менишастанд. Дар ин маврид яке аз онҳо рӯяшро ба қафо гардонда, нигоҳи вай ба зебосанами мо Ниссо афтод. Ҳамчун моту мабҳутшуда, вай, чашмашро наканда, ба вай нигоҳ мекард. Сонӣ боэҳтиёт, нигоҳи худро наканда, суратгираки худро гирифт ва ба суратгирии Ниссо сар кард. Аз он, ки вай чӣ тавр ин корро хеле устокорона анҷом медод, пай бурдан мумкин буд, ки ин кори касбиаш мебошад. Дар ин ҳангом дигар ҳамроҳонаш низ ба вай ҳамроҳ шуданд ва ҳар яке кӯшиш мекард, ки тезтар тугмаи суратгиракро пахш кунад.

Мусофирон, ки шумораи мо понздаҳ нафар буд, асосан бонувон, кӯдакон ва якчанд нафар мардон,  бо ҳайрат кори рӯзноманигоронро мушоҳида мекарданд. Аз чашмонашон гӯё савол хонда мешуд: “Дар ин чӣ ҷои аҷоибот аст? Дар мо чунин духтарон – тамоми Помир…”. Ба ҳар ҳол барои ман ҳамин хел менамуд.

Ниссо, ки чунин диққатро ба худ мушоҳида кард, аз хиҷолат сурх шуд ва шармгинона аз ман чизеро пурсид, ва ман дар садои муҳаррикони тайёра овозашро базӯр шунидам:

-Ка гас кинан (Барои чӣ ин хел мекунанд – (лаҳҷаи хуфӣ)?

       Ман мушоҳида кардам, ки чашмони кабудаш пури ҳайрати ҳақиқӣ буданд.

-Мумкин чунин духтари хушрӯйро ба монанди ту ягон вақт надидаанд, -ба гӯши ӯ хам шуда, ҷавоб додам ман. Вай боз ҳам сурхтар шуд, вале дар ҷавоб чизе нагуфт. 

Хориҷиён бошанд, якчанд бор сурат гирифта, ба ҷойҳои худ нишастанд. Дар даруни тайёра ҳамаи мусофирон ба тирезаҳо ҷафс шуданд, чунки намоиши афсонавӣ сар мешуд: тайёраи хурди мо миёни қуллаҳои баланди рост парвоз мекард, ки бо барфҳои абадӣ пӯшонда шуда буданд, ва чунин менамуд, ки мана ҳозир бо қанотҳои худ ба онҳо мерасад. Ин мавзеъро бо номи “Дарвозаҳои Рӯшон” – ду қуллаи кӯҳ, ки гӯё рост ба осмон расидаанд- ҳамаи ҳавонавардони маҳаллӣ медонанд. Ана чунинанд онҳо-кӯҳҳои Помир.

Баъди “Дарвозаҳои Рӯшон” тайёра оҳиста-оҳиста паст рафтан мегирад. Аз тарафи чап, аз тиреза, аллакай қишлоқи Тем намудор буд, яъне баъди чанд вақт мо дар замини меҳмоннавози Помир қарор мегирем.

Тайёра оҳиста ба майдони парвоз расида, аз болои бетон ҳаракат кард. Мусофирон шодиёна чапак заданд… 

Аз тиреза одамони пешвозгиранда намудор буданд, ки ба панҷараи на он қадар баланди фурӯдгоҳ ҷафс шуда буданд. Тайёра воситаи хомӯшкунии муҳарриконро ба кор даровард ва ҳаракатро қатъ намуд, садои муҳаррикон якбора баланд ва сонӣ хомӯш гашт. Ва оромӣ. Якумин шуда, сарнишинон аз тайёра берун шуданд, аз қафои онҳо мо низ ба воситаи нордбон фуромадем. Хориҷиён, пеш аз он, ки аз тайёра берун шаванд, дӯстона табассум   намуда, ба Ниссо дастафшонӣ карданд. Вай аз хиҷолат мижгонҳои дарози худро хам кард. Ана чунин шармгин аст Ниссои мо..

Ба гӯши ман пораҳои суханони хориҷиён расиданд: — It would be nice… the pictures… editors…good chances…women’s magazines…(Бисёр ҳам хуб мешуд… расмҳо… муҳаррирон… имкониятҳои хуб…  маҷаллаҳои бонувон).

Берун аз ҳудуди фурӯдгоҳ хориҷиёнро аллакай мошини маъмурияти шаҳр интизор буд, ва онҳо ҷониби Хоруғ раҳсипор гардиданд. 

Моро ҳам хешу табор бо мошин интизор буданд, ва мо бо табъи болида ба сӯи деҳаи худ равон шудем. Аз роҳи кӯҳии соҳили дарёи Панҷ мавзеъҳои аз ҷиҳати зебоӣ ҳайратангез- Тем, Поршинев, Ёмҷ, Баҷув мегузаштем. “Нива”-и мо миёни кӯҳҳои бузург аз роҳи морпеч ҳаракат мекард ва ба ин кӯҳҳо нигариста, одамро ҳиссиёти ифтихори бузург аз чунин зебогии афсонавии табиат фаро мегирад. Ва кас танҳо мехоҳад хомӯшона ба онҳо нигоҳ кунад. Аз тарафи рости роҳ деҳаҳои ягона ба назар мерасиданд, ки дар онҳо, мумкин, садҳо Ниссоҳои дигари ба кас номаълум ҳаёт ба сар мебурданд. Аз садогӯяк суруди Далер Назаров “Мастам, мастам” шунида мешуд…

14 апрели соли 2009

Субҳ дар  Помир

Субҳ дар Помир як чизи ғайриоддӣ мебошад. Ман аз садои хишир-хишири ҷорӯб бедор шудам. Ин хоҳари занам – Ниссо ҳавлиро мерӯфт. Ба машом бӯи замини нав обзада мерасид. Оҳ, ин бӯи бо ягон чизи дигар муқоисанашаванда, масткунанда, бӯй кӯдакӣ!

Кати рӯиҳавлӣ, ки дар рӯи он ман хобида будам, рост дар таги дарахти себ ҷойгир буд ва ба атроф бӯи форами “себрахт” (навъи бомазза ва сершираи себи маҳаллӣ) паҳн мешуд. Ҳамаи ин якҷоя шуда, маҷмӯи асрорангези бӯйҳои Помири субҳгоҳиро ба амал меовард. Ҳангоме, ки ман ин бӯйро нафас мекашидам, аз пеши кати рӯиҳавлӣ гӯсфандон ва бузҳо давида гузаштанд: Ниссо онҳоро ба чарогоҳ ҳай мекард. Ман ба як бузғолаи майдаи рангаш монанди барф сафед диққат додам. Вай бо қадамҳои майда аз қафои “модараш” медавид, вале ҷияни синфи якуми ман ӯро дарёб кард ва ба рӯи дастонаш гирифт. Бузғолача дасту по мезад ва садои маҳини “ме-ме-ме” мебаровард. Мумкин, тарҷумаи ин маънои “Ман ҳам ба чарокунӣ мехоҳам”-ро дошт. Вале вайро ба саҳро сар додан ҳанӯз мумкин нест, чунки ба зодани вай ҳамагӣ  як ҳафта пур шуда буд.

Ман аз ҷогаҳ хеста, барои шустушӯ ба сӯи дарёчаи хунуки соф, ки аз байни ҳавлӣ мегузашт, равон шудам. Ба маҷмӯи бӯйҳои саҳаргоҳон боз бӯи дуд ва ширчой (чой бо шир) илова гашт.

-Ҷӯра, биё ширчой мехӯрем,- шунида шуд аз ошхонаи тобистонӣ.

-Не, ман ширчой намехӯрам, ба ман бифштекс (порчаи гӯшти лахми бирён) ва қаҳва бо қаймоқ биёред,- бо шӯхӣ гуфтам ман, вале бо як қаноатмандӣ ба хӯрокхӯрии субҳонаи хешони худ ҳамроҳ шудам.

Дар моҳи август дар Помир саҳаргоҳон каме хунук мешавад, аз ин сабаб дар атрофи дастархон аксаран худро бо либоси нисбатан гарм- яке бо костюми варзишӣ, дигаре бо ҷомаҳои гарм-  мепечонданд. Дар тарафи Афғонистон офтоб аллакай қуллаҳои кӯҳро равшан мекард, яъне ҳозир вай қуллаи кӯҳро гузашта, деҳаи моро низ равшан мекунад, ва он вақт гармии моҳи август фаро мерасад.

Бузғолачаи сафед ҳам ба дастархон, аниқтараш ба назди ҷияни синфи якумам, наздик омада, бо бинии тараш ба китфи вай расид, ва баъд ба пиёлаи ширчойаш нигоҳ кард. Мумкин ба вай бӯи аз пиёла расида маъқул шуд, вале нӯшидани ширчойро нахост. Бузғолача аз ширчой рӯяшро гардонда, мурғҳоро дид, ки дар полез алафро нӯл мезаданд. Вай ҷаста ба сӯи мурғон давид.

Мурғҳо вайро дида, ба ҳар тараф гурехтанд. Танҳо хурӯси рангаш ҳархела аз ҷояш наҷунбид. Охир чӣ тавр мешавад? Вай намехост, ки дар пеши мурғон шарманда шавад. Сарашро бовиқор бардошта, нигоҳи тезашро ба бузғолача дӯхт. Бузғолача бошад, бори аввал чунин паррандаи болдори бадхашмро дида, ба вай бо ҳайрат бо чашмони хурди зардаш нигоҳ мекард. Вале, мумкин, ки таваккали бештарро раво надид, ки оҳиста ба қафо қадам ниҳод.

Сонӣ бузғолача баланд ҷаҳида ба ҷойе давида рафт, ки Ниссо, ба ду пой нишаста, дар даст табақ, меваҳои тути ба болои алафи аз шабнами шабона тар рехтаро ҷамъ мекард. Дар наздаш якбора истод ва баъд ба сӯи полез давид. Охир аз бузғола дигар чиро метавон интизор шуд? Бузғола бузғола аст.

Баъди хӯрдани ширчой ҳар кас аз паи кори худ равон шуд. Яке досро гирифта, барои алафдаравӣ омода мешуд, дигаре гуфт, ки вайро корҳо дар Хоруғ интизоранд, сеюмӣ бояд ба Рӯшон мерафт. Хоҳарон Насиба ва Мавзуна ба Ниссо ҳамроҳ шуда, ба ҷамъоварии меваҳои чун қаҳрабо дурахшандаи тут пардохтанд.

 Субҳ дар деҳаи кӯҳистон ҳамин тавр сар мешуд…

1 Звезда2 Звезды3 Звезды4 Звезды5 Звезд (2 оценок, среднее: 4,50 из 5)

Загрузка...