Нурзода Анушервон

Страна: Таджикистан

Родился 1 октября 2004 года в городе Худжанде. С самого детства интересовался разными природными явлениями, необъяснимым вещам и эта увлеченность привела меня на путь творчества.

Country: Tajikistan

Отрывок из романа “Қиссаи нотамом” 

Париж. Шаҳри зебову макони ошиқон. Садҳо ҷуфти зебо орзуи ба ин шаҳр сафар карданро доранд. Аммо, ин шаҳр на барои ҳама хотираҳои хуше дорад…

Вай менигарист ва ба чашмони худаш бовар намекард. Духтарчаи хурдакак бо муйҳои тиллоранг, чашмони сабз. Охир ин духтарча хеле ба модари вай монандӣ дошт. Вақте ки вай ҳоло наврас буд модараш вафот карда буд, барои ҳамин модарашро хуб дар ёд надошт. Аммо, агар ба аксҳои модараш менигарист, метавонист модарашро ба ёд орад. Ва ҳоло бошад, ӯ дар боғ бо зочаҳои худ бозӣ мекунад. Ин Эмма аст. Эмма Дэлон

Марк, ҳоло аз хориҷа баргашт, ки шаш соли охири ҳаёташро он ҷо гузаронида буд. Вақте ӯ 20 сол дошт, ӯ ногаҳон барои ҳама, аз ҷумла барои худаш нопадид гашт. Яке аз субҳҳо, падараш ба ӯ фармуд, ки чизу чораашро ҷамъ намояд ва пас аз ду соат ба сафар барояд. Ин имконияти беҳтарин дар ҳаёти ӯ буд… Аммо, ин боиси он мегашт, ки ӯ аз дӯстонаш ҷудо шавад. Аз ин ҳам бадтар он буд, ки аз ҳамсари дӯстдоштааш ҷудо мешуд. Ҳамсаре , ки нав ба даст оварда буд. Шояд ин барои хубии онҳо ҳам буд. Чун ки ҳамон шаб онҳо сахт муноқиша карда буданд ва ҳамсараш гуфт, ки беҳтараш онҳо ҳеҷ гоҳ во намехӯрданд. Зеро Марк бо ҳиссиёти ӯ бозӣ кард. Духтар дигар касро дӯст медошт. Аммо сипас ошиқи Марк гашт. Ӯ хеле ғамгин менамуд. Ҳамон субҳ онҳо боз муноқиша карданд. Духтар гуфт, ки ӯро дӯст медорад, аммо онҳо бо ҳам буда наметавонанд. Ӯ намехоҳад дили Маркро шиканад. Марк хост ӯро бифаҳмад, аммо муноқиша боз ҳам калонтар шуд.

Пагоҳи он руз, вақте ки Марк масъалаи хориҷаро фаҳмид, қарор баровард, ки меравад. Меравад ва мегузорад, ки ӯ хушбахт бошад. Вай намехост, ки пеши роҳи хушбахтии ӯро гирад. Марк ӯро хеле дӯст медошт.  Худи ҳамон субҳ Марк ба сафар баромад. Ҳаво боронӣ буд. Пеши роҳро дида намешуд. Ба болои ин Марк хеле ғамгин буд. Мошин бо суръати баланд мерафт ва ҳоло ҳама ҷо пурра равшан нашуда буд. Дар яке аз гардишҳо Марк мошинро идора карда натавонист ва садама рух дод. Марк захми вазнин бардошт, аммо зинда монд. Рӯяшро нав карданд. акнун ӯ тамоман шахси дигар буд. Номашро ҳам иваз кард. Акнун, вай на Марк Симон, балки Адам Легранд буд. Алоқаашро бо тамоми наздиконаш канд. Ҳама ӯро мурда фикр мекарданд. Танҳо пас аз ду соли дар хориҷа буданаш ӯ бо дӯсти қадима ва наздиктаринаш Ромен ногаҳон вохӯрд. Ромен баъди аз даст додани дӯсташ, дӯсти нав бо нами Адам пайдо кард. Онҳо бо ҳам хеле наздик шуданд. Аммо Адам ҳоло ҳеҷ чизро гуфтан намехост. Шаш сол Адам дар хориҷа буд ва лаҳзае ҳам наздиконашро ва албатта ҳамсарашро аз хотир намебаровард. Тӯли ин шаш сол ӯ ҳеҷ касро дӯст надошт ва дигар ҷоеро ҳам наёфт, ки онро хона номида тавонад. Ва ҳоло ӯ танҳо бо як мақсад баргашт ва ин ҳам тӯйи дӯсташ Ромен буд. Ромен мехост бо дӯстдоштааш Зои туй барпо кунад. Албатта, Ромен, Зои ва Адам дар як синф таҳсил мекарданд ва Адам Зоиро хуб мешинохт. Ҳоло Зои як рузноманигори машҳур дар тамоми Париж гаштааст.

Имруз Адам хост ба Ромен туҳфаи ногаҳонӣ кунад. Вай тавонист ба Париж як руз пештар омада расад. Ӯ хост Роменро ҳайрон кунад ва ба дӯсташ занг зада гуфт, ки ҳоло дар хориҷа дар фурӯдгоҳ аст. Бо ин баҳона Адам фаҳмид, ки Ромен дар боғ хоҳиши як дӯсташро иҷро карда истодааст. Танҳо фикр кунед, чӣ хел Адам ҳайрон монд, вақте дид, ки ин хоҳиши гуфтаи Ромен нигоҳубини дусоатаи духтарчаи Мария аст. Бале, ҳамон Мария- духтаре, ки ӯ дӯст медошт, ҳамсаре, ки бо ӯ пеш аз рафтан муноқиша карда буданд. Имруз дояи Мария бемор шудааст. Барои ҳамин ӯ аз Ромен хоҳиш кардааст, ки ду соат духтараш-Эммаро нигоҳубин кунад. Зои наметавонист бо ҳамроҳои Эмма нишинад. Ва худи Эмма низ бо ҳар кас буданро розигӣ намедод. Ва ҳоло бошад Адам дар боғ меистоду ба нусхаи модари худ менигарист ва фикр мекард, ки оё сараш дар ҷояш аст ё ин ки чашмонаш нодуруст мебинанд. Ва ҳоло боз як фикри дигар ба ҳамаи ин ҳамроҳ шуд:

  • Медонӣ, чӣ? Ҳатто агар Мария инро инкор кунад ҳам, мо медонем, ки падари ин духтарчаи зебо Марк Симон аст. Ҳамон дӯсте, ки шаш сол пеш дар садама вафот карда буд.- гуфт Ромен.

Адам наметавонист дигар ягон сухан кунад. Агар ҳама чиз дуруст бошад, пас ин духтари ӯст. Аммо, вай ҳоло ҳам пурра боварӣ надошт.

  • Барои чӣ ту ин қадар боварӣ дорӣ, Ромен?

Ромен як хандаи маънидоронае кард ва гуфт:

  • Акнун ин ягон ҷои махфӣ надорад, аммо ба ҳама ҷо паҳн кардани ин сухан лозим нест. Шаш сол пеш Марк ва Мария ҳамроҳ аз шаҳр рафта буданд.

Ранг аз рӯйи Адам парид.

  • Ман инро барвақттар ба ту намегуфтам, зеро бо ту нав дуст шуда будем. Ва Зои ҳам намехост, ки ин суханонро ягон кас фаҳмад. Вале ман метавонам ба ту бовар кунам. Аммо, ба ягон ваҷҳ ин суханонро ба Зои нагӯ. Ӯ маро зинда намегузорад.

Адам ба Ромен нигарист

  • Дар ҳақиқат ҷолиб. Чизеро, ки донӣ нақл кун. Ба ман бовар кун.
  • Хуб. Пас аз якчанд моҳи рафтани Марк, Мария ба назди Зои омад ва гуфт, ки ба ӯ ёрӣ лозим аст. Мо дар аввал ҳайрон шудем, аммо пас аз оне, ки Мария саргузашташро нақл кард,, хеле ғамгин шудем. Вақте, ки Эмма таваллуд шуд, ҳамаи чиз боз ҳам равшантар шуд. Ту танҳо ба Эмма нигар- муйҳои тиллоиранг, чашмони сабз, ӯ танҳо панҷ сол дорад, аммо айнан мисли падараш шӯхиҳои бемаънӣ мекунад. Духтари кӣ ҳам шуда метавонад? Танҳо Марк. Онҳо пинҳонӣ аз ҳама оиладор буданд ва инро фақат ман ва Зои медонистем. Лекин, Мария Маркро хеле дӯст медошт.

Сари Адам чунон ба тоб хӯрдан даромад, ки дигар худро дошта натавонист. Вай маҷбур шуд каме нишинад. Ромен ба вай шубҳакорона нигарист, вале Адам фаҳмонд, ки аз сабаби парвоз бо ҳавопаймо каме монда шудааст. Вай менишаст ва ба духтараш менигаристу фикр мекард, ки чӣ кор кунад. Ба Мария чӣ мегӯяд? Охир шаш сол. Ин вақти кам нест. Муддати ин солҳо Мария танҳо кӯдакро калон кард. Адам тӯли ин солҳо фикр мекард, ки Мария ӯро бад мебинад. Аммо ҳоло фаҳмид, ки чӣ андоза Мария вайро дӯст медоштааст. Ва он субҳ бе ягон гап ба сафар баромада, кори тамоман беақлона кард. Ҳол он, ки Мария ҳомиладор буд.

Адам бархест ва ба назди духтарча омад, ба зону нишаст ва гуфт:

  • Салом, Эмма. Ман – Адам. Корҳоят чӣ тавр?

Духтарча ба шубҳа ба Адам нигарист ва як ханда карду ҷавоб дод:

  • Ман бо одамони ношинос гап намезанам! Модарам мегӯяд, ки ин корро кардан мумкин нест. Фикрашро ҳам накун, ки агар ба ман қанд диҳӣ ман бо ту ба мошин мешинам ва ту маро медуздӣ! Модарам туро меёбад ва пора-пора мекунад! Фаҳмидӣ?!

Духтарча қафояшро гардонду ба бозӣ идома дод. Адам ҳоло ҳам аз ин ҷавоб ба худ намеомад. Ромен ба ин манзара нигарисата, хандида монд.

  • Ягон шубҳа нест. Ин духтари Марк аст. Ҳамон хел ҳозирҷавобӣ. Ту ҳоло намедонӣ, ки чӣ ҳодиса рух медиҳад, вақте ки касе ӯро мехобонад.

Адам бо як хоҳиши зиёд ба Ромен назар кард:

  • Чӣ мешавад?
  • Ӯ як соат дар болои кат меҷаҳад ва аз хонааш гурехта ба болои бом мебарояд. Мария тамоми даромаду баромади хонаро баст.- ва ин вақт дар руйи Ромен ғам пайдо шуд.- Вале агар фикр кунем, ин хандаовар нест, баръакс, ғамангез.
  • Барои чӣ?
  • Эмма ҳамеша мегӯяд, ки падарашро мекобад. Падараш бошад, дар болои бом ӯро интизор аст.

 

Қисми 2

Вақте ки Адам ба духтарча менигарист, ӯ бо бозичаҳояш бозӣ мекард. Оташи қалби Адам кайҳо хомӯш шуда буд ва ҳоло ҷойи онро холигию ғам фаро гирифта буд. Вале ин дам, ба ин майдача нигариста, фикр мекард, ки шояд, вай ҳоло ҳам имконият дорад ҳаёти нав бунёд кунад, дӯст дорад ва дӯстдошта бошад ва бори аввал дар ҳаёташ ягон кори ҳақиқатан муҳимме кунад.

Адам чунон ба фикр фурӯ рафт, ки мошини наздикшударо пай набурд. Аммо, Ромен бо дидани ронандаи ин мошин хурсанд шуд.

  • Салом, Ромен! Ман баргаштам. Ташаккур барои ёриат. Ман дар ҳақиқат, инро қадр мекунам.

Адам бо шунидани садои шинос баргашт ва ҳис кард, ки дилаш фишурда мешавад. Ҳоло вай дар наздаш ҳамсари пештараашро медид. Ҳатто баъди ин қадар вақт, Мария мисли пештара зебо буд. Дар тарҳи рӯйи Мария мисли пештара шармгиниву нобоварӣ дида намешуд.  Ӯ чунон зебо шуда буд, ки Адам дигар сухан карда наметавонист. Танҳо ҳаминро медонист, ки дар пешаш духтари орзуҳояш истодааст. Ду рӯйи Адам лолагун гаштанд, зеро вай фаҳмид, ки тӯли ин шаш сол ҳиссиёташ ягон андоза кам нашудаанд — вай ҳоло ҳам Марияро дӯст медошт. Ва ҳоло дар сари Адам танҳо як савол чарх мезад — Оё Мария ба вай як имконияти дигар медода бошад, пас аз оне, ки Адам бо ӯ чунин корҳоро раво дид? Оё Мария вайро мебахшад? Мегузорад, ки Адам узви оилаи онҳо бошад? Агар не, ақаллан имконияти бо Эмма буданро медиҳад?

Садои баланде фикрҳои Адамро вайрон карданд ва вай ба самти дигар нигарист.

  • Модарҷон! Ман туро сахт ёд кардам!

Эмма ба тарафи Мария давид. Мария дар навбати худ духтарашро сахт ба оғӯш кашид ва ба сари зонуи худ шинонду ханда кард.

  • Ман ҳам туро ёд кардам, қаҳрамони хурдакаки ман.

“Қаҳрамон”. Адам аз ин суханон ба ваҷд омад. Зеро шаш сол пеш Мария маҳз Маркро чунин ном мебурд. Мария аз ҷой бархост ва ба тарафи писарҳо нигарист.

  • Боз як бори дигар ташаккур, Ромен. Намедонам, бе ёрии ту чӣ хел аз ӯҳдаи ин кор мебаромадам. 
  • Ҳеҷ гап не, Мария. Ту худ медони-ку, ман бо Эмма бозӣ карданро дӯст медорам. – ва пас аз лаҳзаи хомушӣ идома дод — Ҳа, боз як чизи дигар. Мо инҷо меҳмон дорем.

Ромен ба тарафи Адам, ки каме дуртар меистод, ишора кард. Мария ба тарафи Адам нигарист ва нохост сурх шуд. Адам наздик шуд.

  • Салом, Мария. Шояд маро мешинохта бошед?
  • Албатта…- бо садои паст гуфт ӯ – Ромен дар бораи шумо гуфта буд. Мо фикр мекардем, ки шумо пас аз ду рӯз меоед.
  • Лозим нест! Танҳо Адам гуфта хитоб кунӣ бас. 
  • Хуб, Адам.
  • Олиҷаноб. Ман мехостам Роменро бубинам. Ва акнун, ман дар ин ҷоям.

Чанд сонияи баъд онҳо хомӯшона ба якдигар менигаристанд. Дар сари Адам саволҳои зиёде чарх мезаданд… Вале, ҳоло…   

  •  Модар, вай мехост бо қанд маро алда кунад ва ба мошин савор карда, дуздад, барои он, ки баъд бо таҳдид тамоми кулчақандҳои моро бигирад.

Адам бо як назари саволомез ба Мария нигарист ва намедонист чӣ хел худро аз ин гурбачаи майдаяк ҳифз кунад. Мария ба Эмма нигоҳ карду хандид.

  • Албатта, албатта, зебоякам. Вай маҳз ҳаминро мехост. Аммо, мо намегузорем, ки вай ин корро кунад. Барои ҳамин, зуд рафта ба мошин савор шав, то ман бо амаки Ромен хайрухуш кунаму, ба ин дузд як-ду сухан гӯям. Дар қафои мошин, ман ба ту як чизи хурдакак пинҳон кардаам. Канӣ зуд рафта онро ёб.

Пеш аз оне, ки Мария суханашро ба итмом расонад, Эмма хушҳолона ҷаҳиду ба тарафи мошини сурх давид. Мария ба Адам табассуме кард.

  • Узри зиёд, Адам. Эмма тахайюлоти рангоранг дорад. Ӯро ҷиддӣ қабул кардан лозим не.

“Тахайюлоти рангоранг, айнан мисли падараш дар овони кӯдакӣ”,- фикр кард Адам, вале гуфт:

—    Ӯ хеле дӯстрӯяк аст. Ман шодам, ки бо ӯ вохӯрдам.

Дар лабони вай табассуме, ки ба Марк хос буд пайдо шуд. Табассуми писхандмонанд, аммо аз дили соф. Марк ҷавони шух ва серҳаракат буд. Аммо пас аз ба хориҷа сафар кардан, вай акнун то ҳадди имкон оромтабиат шуда буд. Мария аз чунин сурат гирифтани кор шах шуда монд, вале зуд ба худ омад.

  • Вақти рафтан ҳам шуд. Ба Зои салом гӯй, Ромен. Рӯзи ҷумъа вомехӯрем, ҳамин тавр? Рӯзи тайёрии охирин?
  • Бале! То боздид, Мария!- фарёд кард Ромен, ба Адам нигоҳ карда. Вақте хонумон онҳоро тарк карданд, вай махсус дасташро ба китфи дӯсташ гузошт. Ҳол он, ки Адам ҳоло ҳам ба сӯйи мошини сурхи рафтаистода нигоҳ мекард.
  • Ҳа, чӣ шуд? Ман шунида будам, ки Адам Легранд ба духтарон таваҷҷуҳ надорад. Мебинам, ки ин тавр нест. Бо як дидан ошиқ шудӣ чӣ? Медонӣ, Мария ҳоло ҳам танҳо аст ва ту метавонистӣ аз ин имконият истифода барӣ. Ҷойи кори хуб, духтарчаи дӯстрӯяк, хонаи шахсии худаш ва ту ҳоло намедонӣ, ки ӯ чӣ хел хӯрок мепазад. Олиҷаноб, ангуштонатро мелесӣ. Аммо … Ӯ ҳеҷ Маркро фармӯш накард. Вале зиқ нашав, шояд ту имконият дошта бошӣ.

Дар рӯйи Адам андаке нишонаи шарм пайдо шуд. Вай ин ҳиссиётро пас аз оне, ки аз Париж рафт, фаромӯш карда буд. Ҳоло бошад Мария ҳамаи ин ҳиссиётро дар панҷ дақиқа ба вай баргардонид.

  • Чӣ? Ягон чиз гуфтӣ?
  • Эҳе, ту инҳоро яксӯ мон, дӯстам, ман ба ту мегӯям, агар чизеро, дидию ба ту маъқул шуд, бе таваққуф барои ба даст оварданаш амал кун. Ман медонам, ки Мария ба ту маъқул шуд. Бе ин ҳам, Эмма метавонад ба ту мисли духтар шавад. Дар шумо ман чӣ монандиеро мебинам.

Ромен бо қошҳояш бозӣ кард, вале Адам хунсардона ба дӯсташ нигарист:

  • Ин қадар беҳуда налақ! Кай боз ту ин хел доно шудаӣ?
  • Аз он лаҳзае, ки бо Зои ҳамроҳем. Ин зани зебо дар як чиз ҳақ аст: ҳаёт хеле кӯтоҳ аст ва одам набояд аз он чизе, ки дар ҳақиқат дӯст медорад даст кашад. Агар мехоҳӣ — бирав ва ба даст ор. Баъд пушаймон нашавӣ. Инро ба хотир гир, Адам.

***

Мария ҳаракат мекард, ки ин вохӯрии ногаҳониро фаромӯш кунад. Чанд сол пеш, барои он, ки барои Эмма хона ёбад, Мария ба берун аз шаҳр кӯчид. Танҳо чизе, ки  ба онҳо мушкил буд, ин миқдори вақте буд, ки онҳо дар роҳ сарф мекарданд. Аммо, Мария мехост, ки духтараш дар ҳавлии калон бозӣ кунад. Ғайр аз ин, ӯ намехост, ки вақти бисёрро дар шаҳр гузаронад. Дар шаҳре, ки хотироти талх пайваст буданд. Хотирот дар бораи ишқе, ки ногаҳон омад ва сипас баъди як муноқишаи ҷиддӣ, баромада рафт. Ӯро танҳо гузошт. Ва ҳоло ҳам Мария ин писарро дӯст медошт. Ҳатто, агар вай дигар бар нагардад. Бале, Мария он рӯз фикр накарда сухан кард, дили Маркро ранҷонд. Аммо, аз ӯ дигар чӣ ҳам интизор шудан мумкин буд.  Он рӯз Мария ҳиссиёти худро дарк карда наметавонист. Чизе, ки аз даҳонаш баромад гуфт. Аммо пас аз чанд рӯз, вақте ба худ омад, хост Маркро пайдо кунад, ба оғӯш гирад ва гӯяд, ки иштибоҳ аз ҷониби ӯ буд, гӯяд, ки чӣ андоза дӯсташ медорад, фаҳмонад, ки чӣ қадр мехоҳад бо Марк бошад. Мария хост ба назди Марк ояд. Аммо, чӣ хабаре ӯро интизор буд. Ба ӯ хабар доданд, ки ду рӯз пеш Марк ба сафар баромад ва мутаасифона дар садамаи автомобил ҳалок гашт. Ҳеҷ кас наметавонад ғаму андӯҳи Марияро тасвир кунад. Ӯ қисман худро гунаҳкор медонист. Пас аз як муддат, маълум гашт, ки Мария ҳомиладор аст ва бе ягон фикру андеша ӯ қарор дод, ки кӯдакро боқӣ гузорад. Ақаллан, барои поси хотири Марк. 

Ҳоло бошад, дар ҳаёташ ҷавони наве пайдо шуд. Мария дар пеши Адам сурх мешуд, садои Адам дили Марияро ба ларзиш меовард… Адам ба Марк монанд буд. Ба ҳар ҳол, дар урфият мегуянд, ки инсон як бор дуст медорад ва сипас тамоми умр инсони монандро меҷӯяд. Ҳатто Мария аз дил мегузаронд, ки шояд Марк ҳоло ҳам зинда бошад. Шояд маҳз барои аз ҳама дур шудан худро бо дигар ном мешиносонад. Аммо чӣ хубӣ дорад, агар ин рост бошад? Не! Адам наметавонад Марк бошад. Онҳо одамони гуногунанд.

Ҳоло Мария он духтари шармгини пештара нест. Ӯ як тарроҳи шинохташудаи тамоми Париж ва Фаронса аст. Ӯ дар ҳайати тарроҳони Ҳовард Симон кор ва фаъолият мекунад. Бале, Ҳовард Симон — падари Марк Симон. Албатта, Марияро на барои он, ки ҳамсари Марк буд ба кор гирифта буданд. Мария яке аз тарроҳони боистеъдодтарин дар тамоми Фаронса буд. Ҳоло бошад, Марияро мебоист ҳушу хаёли худро дар ҷояш монад ва қарори дуруст барорад.

 

1 Звезда2 Звезды3 Звезды4 Звезды5 Звезд (4 оценок, среднее: 4,00 из 5)

Загрузка…