Нурали Нурзод

Страна: Таджикистан

Я Нурали Нурзод – таджикский поэт и исследователь классической литературы и культуры персоязычных народов. Автор 15 книг, в том числе 2 книги по истории развития национальных праздников народов Средней Азии и стран наследников Навруза – Навруз, Сада и Мехргон.

Country: Tajikistan

Отрывок из сборника научных статей “Аз Сада то Навруз” 

 

АЗ САДА ТО НАВРӮЗ…

Њузури Наврӯз ба унвони ҷашни шодињову нишот ва пирӯзии рӯшанӣ ба зулмат дар густураи фарњанги мардумони меросбари он бегумон ба замони оғози зиндагонии башарият пайванд мегирад. Ба иттифоқи он ки дар куллияи забонњои куњан  наврӯз ба гунањои ба њамдигар наздики «навсард» дар суғдӣ, «нукруч» дар пањлавӣ ва муарраби найрӯзро соњиб аст, шарњу тафсири аслии он њамон як таъбири рӯзи навро муқаррар месозад. Устоди донишвар Фаридуни ҷунайдӣ асли ин њамсониву њамнавоии вожаи «Наврӯз»-ро дар соири забонњо ба ҷойгоњи худи вожаи «рӯз» ва гунањои он пайванд дода, аз ҷумла таъкид мекунад, ки ин ном (яъне, вожаи рӯз – Н.Н.) дар авасто «Роучангањ», дар форсии бостон «роуча», дар пањлавии куњан «руч», дар курдӣ «руж», дар форсии дарӣ ва Хуросон Рз» ва дар форсии имрӯз «рӯз», кошонӣ, тењронӣ бењдинӣ «ру» хонда мешавад. Аз сӯе он чӣ аз рӯз бармеояд, њамоно рӯшаноӣ аст, агар вожаи равшани форсии дариро бо «роучангањ»-и авастоӣ бисанҷем, пайдо мешавад, ки рӯз њамон рӯшан аст, пас Наврӯз ё  рӯзи нав рӯшноии нав аст. (394) Бо такя бар ин шеваи шинохти устод Ҷунайдӣ метавон  қидмати оғози Наврӯзро њамоно бори дигар бар офариниш марбут донист, ба замоне, ки рӯшанӣ аз болои зулмот пирӯз гардид ва нур дар олам падид омаву рӯзгор шурӯъ шуд. Ҷолиб он аст, ки барои ифодаи Наврӯз бо иттико бар њамин манзалати ин ҷашни оғоз устод Ҷунайдӣ таъбири «ҷони ҷањон»-ро истифода кардааст. 

Дар канори ин, пайванди ҷашни Наврӯз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоњи таърих, ки навъе рамзи эњёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории аносири табиӣ ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист, ки  дар сароғози маърифати гоњшумории мардумони ориётабор, њатто аз рӯзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне бањору хазон қарор дошта. Шояд њамин омили барҷастаи њулули андешањои ниёкони мо бо маърифати офариниш ва асолати зуњури Наврӯз омил омада, ки баъдан дар фарњанги динӣ низ ин ҷашни бедориву шукуфоии табиат ва оини шодињо ба хилқати инсон њам пайванд касб намуд. Асолати Наврӯз чун ҷашни маҷмӯи шодиву сафо, бедориву иқдом дар халқи васоиле, ки инсоният берун аз њама мањдудањои фикриву ақидавӣ ва сувариву ирқӣ бар он ниёз доранд, омил дар истиқболи он аз сӯи тамомии башарият ва пайванд бахшидани асли зуњури он бо фалсафаи офариниш гардид. Њамин вежагињои хоси Наврӯз, чун ҷашни оғоз ва шурӯъи зиндагонии табиат бо гузашти як сол дар қаламрави замин рабти онро ба фалсафаи офариниши инсон низ марбут гардонид ва дар натиҷа эътиқоде эҷод гардид, ки чун олам дар шаш лањза ё ба таъбири куњан гоњанбор офарида шуда, дар охирин аз ин замонњо хилқати инсон сурат гирифта, пасон зиндагонии башарият оғоз ёфт, њамон рӯзро ба унвони сароғози рӯзгори инсонӣ дар рӯи замин, рӯзи шурӯъи њастӣ  хонданд ва пайваста ба таҷлили он чун ҷашни Наврӯз пардохтанд. Пажӯњишгари эронӣ Куруши Некном бо такя бар њамин ҷанбањои  пайванд бахшидани ҷашни Наврӯз ба эътиқодоти ниёкони мо бо фалсафаи офариниши инсон њақиқати ин амрро ба гунаи зайл тавзењ додаву омили таҷлили онро чун ҷашни хилқат ва оғози њастӣ чунин маънидод карда: « Бад ин тартиб нахуст инсон, сипас об, замин, гиёњон, ҷонварон ва дар поёни чањраи (њамон гоњанбор манзур аст. Н.Н.)  шашум, ки панҷ рӯзи охири сол дар назар аст, инсон офарида шуд ва пайдоиши  инсон, такомул дар офариниш ба марњилаи тозае расид ва аз он пас инсони андешаманд бо бањрагирӣ аз шароити муносибе, ки аз пеш барояш фароњам шуда буд, зиндагии худро дар замин оғоз намуд.  Гузаштагони андешаманди мо ба поси арҷ нињодан ба пайдоиши инсон – комилтарин хилқати Ањурамаздо ҷашни бузурги Наврӯзро  бо шукӯње физоянда ва фарогир барпо доштанд. Чун бо офарида шудани инсон марњилаи тозае дар ҷањони њастӣ оғоз гардида буд ва инсон бояд таваллуди худро ҷашн бигирад ва бо сипосгузорӣ ба ниёиши офаридгори худ бипардозад»( 2, 11- 12)

Аз муњимтарин омили иртиботи Наврӯз бо офариниш ва хилқати одам зикри нукоте марбут бар нахустин инсон– Каюмарс дар китоби «Наврӯзнома» -и Умари Хайём мањсуб меёбад, ки њарчанд кашф ва дарёфти ин рӯзро ба Ҷамшеди каёнӣ интисоб медињад, аммо баробари ин аз ҷумла менависад:  «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввали мулуки Аҷам ба подшоњӣ биншаст, хост, ки айёми солу моњро ном нињад ва таърихро созад, то мардумон онро бидонанд, бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи њамал омад. Мӯъбадони Аҷамро гирд кард ва фармуд, ки таърихро аз инҷо оғоз кунанд. Мӯъбадон ҷамъ омаданд ва таърих нињоданд.  

Ва чунин гӯянд, ки чун Каюмарс ин рӯзро оғоз кард њар солро офтобро; ва чун як даври офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз ба дувоздањ қисмат кард, њар бахше си рӯз;њар яке аз онро номе нињод ва ба фариштае боз баст, аз он дувоздањ фаришта, ки Эзади Таборак ва Таъоло эшонро ба олам гумоштааст. Пас, он гоњ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯзӣ аст, соли бузург ном кард ва ба чањор қисм кард. Чун чањор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани олам бошад.  Ва бар подшоњон воҷиб аст, оин ва расми мулук ба ҷой овардан ва аз бањри муборакӣ ва аз бањри хуррамӣ кардан таърихро ба аввали сол (11-12) 

Баррасии татбиқии фалсафаи офариниш дар ҷомеаи адён ва макотиби фикрӣ ин амрро мусаллам мегардонад, ки ягонагии андешањо дар мавриди замони хилқати замину замон ва инсон дар онњо ба мушоњида мерасад. Дар кутуби муқаддаси яњудиён Таврот ва ањли ислом Қуръони Маҷид низ замони офариниш бар шаш рӯз муқаррар гардида, ки дар таъкиди вањдати фикрии дар шинохти фалсафаи офариниш зимни яке аз авомили истиқболи Наврӯзро ба унвони ҷашни хилқати инсон аз сӯи ҷањониён бозтоб мебахшад ва шояд њамин амр омили муассири њулули оину суннатњои наврӯзи Аҷам дар падидањои фарњангии ақвоми мухталиф гардидааст. 

Њамин тавр, агарчӣ ба таъкиди Њаким Фирдавӣ дар “Шоњнома”, Берунӣ дар “Осор ул боқия” ва Умари Хайём дар “Наврӯзнома” асли зуњури Наврӯз ва бунёд нињодани он ба Ҷамшед нисбат дода мешавад, аммо бозгӯии асотир ва ривоёте дар заминаи тайнини гоњшумории қадимаи ва  таҷлили ҷашни оғози офариниш аз сӯи Каюмарс чун нахустинсон дар тафаккури ақвоми ориёӣ  њамоно Наврӯзро ба унвони оини бузурги бозгашт ба сӯи оғоз ва бузургдошти инсон муаррифӣ мекунад, ба таъбири дигар. Наврӯз ба њақиқат рӯзи таваллуди Инсон будааст, ки минбаъд соири ақвом бар он арҷ нињодаанд ва њамакнун њам ҷашни ҷањонӣ шуда. Ва њатто агар њамин кашфи Наврӯзро аз сӯи Ҷамшед ба унвони рӯзи бар тахт нишастани ӯ  бипазирем, он њам дубора ба њамин фалсафаи оғози хилқат ва офариниш бармегардад, чун ба таъбири Артур Кристинсен, ки китобе роҷеъ ба Шоњ Ҷамшед навишта, ӯ “Нахустин инсон ва нахустин Шањриёр” будааст.  Агар ин нуктаро бипазирем, ки Ҷамшед нахустин шањриёр эътироф гардида, пас дар  китоби ведањои њиндӣ чун инсони аввалин  дониста шудани ҷамшед (яъне йима) боз њам зуњури ин ҷашнро ба нахустинсон дар тафаккури инсонӣ марбут мегардонад ва худи Наврӯзро бори дигар ҷашни таваллуди њам инсон ва њам зиндагонии башарият муаррифӣ менамояд. 

 

1 Звезда2 Звезды3 Звезды4 Звезды5 Звезд (4 оценок, среднее: 4,75 из 5)

Загрузка…