Пулодзода Мавлониддин

Страна : Таджикистан

Пулодов Мавлониддин (литературный псевдоним Мавлониддин Пулодзода) родился 5 февраля 1948 года в городе Исфаре, Согдийской области, Республики Таджикистан. После окончания средней школы окончил Филологический факультет Таджикского Государственного Университета (Национальный университет) в 1969 году. В 1980 окончил Ташкентскую высшую партийную школу. С 1969 года работал литературным сотрудником в республиканском газете «Пионери Точикистон» (1969-1970), городской газете «Коммунисти Исфара (Насими Исфара) (1970-1972, редакторам этой газеты 1982-1992 )», областной газете «Хакикати Ленинобод (Хакикати Сугд) (1972-1982)», председателем Исфаринского отделения фонда Таджикского языка(1992-2012), переводчиком Исфаринского Гидрометаллургического завода(2002-2013). С 2013 является пенсионером. Литературной деятельностью начал заниматься в студенческие годы. Его рассказы были опубликованы во всех газетах и журналах Таджикистана, является победителем республиканских конкурсов очеркистов.
Пулодов М. с 1976 года является членом Союза журналистов Таджикистана, награжден знаком «Отличник печати Таджикистана», медалью 100 лет Таджикской печати. Занимается литературной деятельностью с 60 – х годов 20 – го столетия. Изданы более 10 (десять)-и книг писателя в том числе:
— «Боги дилкушо (Удивительный сад)» (издательство «Адиб», Душанбе — 1991)
— «Бахрнаварде аз ошёни укобон (Моряк с вершины орлиных высот)» (издательство «Шарки Озод», Душанбе — 2003)
— «Шохсавори Рахши саркаш (Всадник своенравного Рахша)» (издательство «Хуросон» Худжанд — 2000)
— «Дарёдиле дардошно (Широко душой человек)» (издательство имени «Наби Фахри» Конибодом — 2015) и другие.
Пулодов М. вместе с семьей воспитали 6 детей. Все они живут с семьями.


Country : Tajikistan


Отрывок из документальной повести «Гули руи хорасанг (Цветок на граните )»

ОҒОЗ

Ройи равшан зи бузургони кӯҳансол талаб,

Обҳо соф дар айёми хазон мегардад.

    Ду дӯсти ба ҳам мӯнису ғамхор ба сайру тамошои кӯҳсор баромада, аз вазиши фораму нарми ҳавои хушгувор, бӯйи диловези насими атрбор, равиши маҳини оби симгуни чашмасор, намуди рангини табиати ҳар нақшу гулаш нафису нотакрор, латофату назокати оғӯши сабзи баҳор, табъи хушу дили беқарор доштанд. Ногоҳ диққати якеро чизи ғайриоддие ба худ кашид ва нигоҳ ба ҳамон сӯ андохт. Бехост аз ҷой бархост, чанд қадам наздиктари хоросанги сафеду як порааш сурхи сиёҳчатоб гузошт, ба дӯсташ ишораи «Ин ҷо биёед» кард ва бо як шигифтию тааҷҷуби ошкоро нидо баровард: 

     -Ин гулро бинед! Аз мағзи дили санги сахт чӣ хел неш зада, сабзида баромада бошад?

    Ҳар ду ба харсанги калони ноҷунбон ва гули зебою нозуки аз дили он рӯйида ва хандону шукуфон бо шавқ нигариста, ғарқи андеша гаштанд, ба завқ омада, забони гуфтор кушоданд:

    -Аҷабо, шигифто! Гул дар сари санг!

    -О ин сангро бо теғи алмос метавон шикофт!

    -Як гиёҳи нарм, маҳину нозук чӣ тавр ин чизи сахтро сӯрох карда, ба дили санг реша ронда, боз сабзу шукуфон аст, чӣ гуна зинда мондааст?

     -Аз куҷо обу ғизо ёфтааст? Шамолу бод қоматашро нашикастааст, офтоби сӯзон паҷмурда нагардонидааст!

      Ҳайратовар буд ин манзара ва онҳоро ба сукуту андеша овард. Яке аз дӯстон ба ин гули якто, решагоҳаш ғайриоддию беҳамто хуб санҷишкорона наззора карда, банди хаёлот, чунон ором монд, ки рафиқаш ҳолати ӯро пай бурда, вай ҳам ҳоло хомӯширо авлотар донист, аз пурсуҷӯю таҳпурсии чунин дигаргунии нохосту якбораи вазъи равонии ҳамроҳаш худдорӣ намуд. Истиҳола дошт, чун намехост ба оинаи оби софу ороми хотираи вай бо саволе, сухане санг партофтагӣ барин шавад, мабодо ин оинаи зебо шиканад ва дар рӯйи оби ҳамвор чин мавҷ занад. Каме беэҳтиётӣ боиси канда шудани риштаи маҳину нозуки андешаҳои борик шуда метавонад. Гоҳе одами дар олами зебои хоби хушу ширин бударо надониста аз бехабарӣ бедор мекунанду хоби аҷиби дида истодааш чун намоиши телевизори аз бебарқӣ мурда якбора нопадид мешавад. Ин гуна маҳрумию кандашавӣ аз лаззат нохушу ногувор аст. Ба ҳар кас лаззати тамому боанҷом мефорад ва мебояд. 

      Бо ҳамин андеша оҳистаю бесадо қадамзанон дуртар рафт, ки дӯсташ бо фикру хаёли худ танҳо монад. Беҳтараш аз тамошои манзараҳои дилорои арӯси сол чашмони хастаашро бештар об диҳад. Нағз медонад, ки дӯсташ бисёр розҳои дилашро аз вай пинҳон намедорад, албатта дари ниҳонхонаи қалбаш ҳамеша барои рафиқи шафиқ, ёри мувофиқ боз аст. Ба дари кушода калид чӣ даркор? Ҳамин ранг бе пурсишу таҳкобӣ ҳам дӯсташ ба ӯ сухани таҳхонаи дилашро пинҳон нахоҳад дошт. Чуноне ки худи вай ҳам ба рафиқи меҳрубон, роздону ҳолдон ҳамаи дарди дилашро аён ва баён карда метавонад

      Нимрӯзӣ сари хони саҳроӣ ҳангоми хӯриш рафиқаш дарвоқеъ

якбора ба сухан даромад:

      -Ин гули рӯйи сангро дидаму саргузашти як одам ба ёдам омад.  Он шахси хирадманду доно аз ин пештар дар тасаввури ман бештар ба чанори тавоно, садаи бузурги танадору қадболо мемонд, ки ба гирдбоду тӯфонҳои айём тоб оварда истодагарӣ кардааст, қомати росташ аз шиканҷаю фишорҳо нашикаст, хам ҳам нашуд. Имрӯз бошад, ҳар ду дидем, ки як гули хурдакак чӣ зӯру тавон доштааст. Решаҳои ба дид нотавонаш то мағзи хоросанги маҳкаму мазбут раҳ ёфта давидааст. Ин рустании ба чашми мо ва дигарон ночизу нотавон дар қудрату зӯр, устуворӣ, матинию доштдорӣ аз чанору садаи болобаланд бартар аст, ки камтар нест. Ин гул рамзи нерӯю мӯъҷизаи сухану адаб, фарҳанг ва санъату ҳунар аст, ки онро бо нигоҳи чашми оддӣ кас дида наметавонад. Чашми сар, ки худ ҷисм аст, танҳо ҷисмҳоро мебинад. Барои дидани чизҳои нонамоён чашми ноаён, яъне чашми дил қодир аст. Зӯру мадор, нерӯю эъҷози сухану фарҳангро касе мебинад, ки ба ҷаҳон аз рӯйи гуфтаи устод Рӯдакӣ ба дидаи хирад, яъне чашми дил менигарад. 

      Гузашти замон, гардиши айём, ошӯбу тӯфонҳои ҷамъияти инсонӣ бисёр дороиҳо, қасру кушк, шаҳру кишварҳоро хароб, несту нобуд мегардонад ва аз онҳо баъзан ном мемонаду нишон не. Ном, сухан ин падидовар, намоёнгари фарҳанг аст. Одамон ҳам дар ин ҷаҳон, дунёи гузарон, ки ба чашми мо намоён аст, поянда нестанд,

дурусташ, тану ҷисмашон хок мешавад. Ҷони фарзандони Одам, рӯҳу равонашон, яъне мағзу маъниашон ҳамеша зинда аст, аз шахсони хирадманду бофарҳанг ном ва сухан мемонад. 

      -Гули рӯйи санг ба саргузашти як одам чӣ хел монанд шуда метавонистааст? Вай одам чӣ сарнавиште доштааст? —Пурсид ёр аз гуфтаҳои пурҷӯшу боҳарорат ва боварибахши дӯсти ҳамдам беш аз пеш мароқу шавқ пайдо карда.

     -Ҳозир мо ин гули зебои дар санг рустаро дидан дорему боз боварамон намеояд, ки он чӣ гуна дар ин ҷойи сахт сабзида бошад. Зеро гоҳо худи мо дар ҷойи нарму гарм, серобу серхок гулу ниҳол мешинонему он сабзиш наёфта паҷмурда мешавад. Оё чунин нест? Он одам, ки ман мешиносаму саргузашташро каму беш шунидаам, дар замони ноороми тӯфонӣ, пурошӯбу бесомонӣ, солҳои гардишу аз сохте ба сохти дигар гузариши ҳаёти ҷамъият, замони дигаргуниҳои куллӣ, зерузабаршавии мавқеи инсонҳо умр ба сар бурдааст ва мӯъҷизаосо аз ҳар гуна офату бало, ҷабру ҷафо, тасодуфҳо, воқеаву ҳодисаҳои пурдаҳшат эмин, зиндаву саломат мондааст, умри зиёд дидааст. Бо вуҷуди зулму ситам диданҳо, азо-бу шиканҷа кашиданҳо, заҳри тӯҳмату хиёнат чашиданҳо, чӣ будану шикасту нобарорӣ, нокомиро фаҳмиданҳо бо дили ҳамеша хурраму шод, қомати рост, чеҳраи кушод, сухани бурро, ҳалиму меҳрубон, хушмуомилаю маҳфилоро мондааст. Аҷаб ҷозиба, чун оҳанрабо қувваи кашиш дошт, ҳайратангез!

1 Звезда2 Звезды3 Звезды4 Звезды5 Звезд (11 оценок, среднее: 3,91 из 5)

Загрузка...